Ссылки доступа

Тоҷикистон ба раъйпурсии Қонуни асосӣ омода мешавад


Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 22 майи соли 2016-ро санаи баргузории ҳамапурсӣ барои ислоҳи Конститутсияи кишвар эълон карданд.

Ба гуфтаи раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, дар варақаи овоздиҳӣ танҳо як савол ворид карда мешавад: «Оё шумо ислоҳ ва илова ба Конститутсияро қабул мекунед?».

Ислоҳот ва иловаҳо ба Конститутсияи кишварро аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд. Бино бар онҳо Пешвои миллат метавонад дар ҳамаи интихоботҳои ояндаи кишвар номзад шавад ва синни номзади раёсатҷумҳурӣ аз 35 ба 30 поин оварда мешавад.

Рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон вакилон ҳамчунин тарҳи чанд қонунро баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG