Ссылки доступа

Ситоиши ИМА аз Ӯзбекистон барои беҳбуд дар пахтачинӣ


ИМА аз дигаргунии мусбат дар масъалаи ҷамъоварии иҷбории пахта дар Ӯзбекистон истиқбол мекунад.

Дар ин бора сафири ИМА дар Ӯзбекистон Памела Спратлен хабар додааст.

"Мо дар бахши пахтакорӣ дигаргуниеро мебинем. Мо аз ҳамкории Ӯзбекистон дар ин самт бо Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони байналхалқии меҳнат қаноатманд ҳастем", - гуфт сафири ИМА.

"Мо умедворем, ки ин кор идома меёбад, зеро Ӯзбекистон ба гуногунсозӣ ва навсозии истеҳсолот талош дорад", - афзуд сафир.

Дар гузориши Созмони байналхалқии меҳнати назди СММ, ки бевосита ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахтаи Ӯзбекистонро дар соли 2015 назорат кардааст, хабар дода мешавад, ки ҳолатҳои ҷалби иҷбории кӯдакон ба пахтачинӣ дар ин мавсим мушоҳида нагардидааст. Хабарҳо дар бораи ҷалби иҷбории калонсолон ба пахтачинӣ низ асос надоштаанд.

Дар ҳамин ҳол, гурҳҳои мустақили байналмилалӣ, ки солҳо алайҳи меҳнати иҷбории атфол дар Ӯзбекистон мубориза мебаранд, аз ин гузориши Созмони байналхалқии меҳнат интиқод карданд. Ин гуруҳҳо баҳодиҳии созмонро ғайримунсифона унвон карда, гуфтаанд, ба хотири ҳифзи ҳамкорӣ бо Тошканди расмӣ чунин баҳо додаанд.

XS
SM
MD
LG