Ссылки доступа

Ҳоким "худаш хостааст", ки барқи хонаашро қатъ кунанд


Чанде пеш ҳокими вилояти Актюбински Қазоқистон Бердибек Сафарбоев ҳокимони яке аз ноҳияҳои ин вилоятро ба хотири бе барқ мондани деҳае интиқод кард ва дастур дод, ки "барқи манзили ҳокими ноҳия ва муовинонаш хомӯш карда шавад".

Аз ин шеваи кори ҳокими вилоят корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пуштибонӣ карданд. Аммо ин ҳодиса идомаи ғайриинтизоре пайдо кард.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ пайдо кард, муовини аввали мудири кулли ширкати "Энергосистема", хомӯш шудани барқи манзили ҳокими ноҳияи Мугалжари Қазоқистон ва муовинонашро тасдиқ кардааст. Вале намояндаи "Энергосистема" мегӯяд, "барқи манзили ҳокими ноҳия ва муовинонаш на бо фармони ҳокими вилоят, балки бо хоҳиши худи ҳокими ноҳия қатъ шудааст".

Зимни назарпурсӣ сокинони деҳаи Кайиндӣ тасдиқ кардаанд, ки дар деҳа аксари вақт нерӯи барқ, махсусан баъди соати 10-и шаб, хомӯш мешавад. Ба гуфтаи сокинон, ин хомӯшсозӣ дуздии рӯи рости барқ аст.

XS
SM
MD
LG