Ссылки доступа

Тоҷикистон: арзиши як “Нива” 93 ҳазор доллар


Палатаи Ҳисоби Тоҷикистон дар рафти санҷишҳои соли гузаштааш исрофкорӣ, истифодаи ғайримақсаднок, дуздӣ ва барзиёд навиштани маблағҳои буҷаро дар ҳаҷми 160 миллион сомонӣ ошкор кардааст.

Дар ин бора зимни як нишасти хабарӣ сардори ин идора Дилмурод Давлатзода хабар дод. Ба гуфтаи вай, зиёни “рекордӣ” ба давлат дар рафти санҷиши 438 сохтори давлатӣ – вазоратҳо, идораҳо, бонкҳо ва дигар ташкилотҳои буҷавӣ ошкор шудааст.

Як сол пештар аудиторҳои Палатаи Ҳисоб ошкор карда буданд, ки сохторҳои давлатӣ ба буҷа 90 миллион сомонӣ зиён овардаанд. Ҳоло ин рақам ба 160 миллион сомонӣ расидааст.

Дилмурод Давлатзода гуфт, аз ҳама бештар пинҳон кардани андоз ошкор шудааст. Ба гуфтаи вай, маблағи ошкоршудаи ин бахш 74,3 млн. сомонӣ аст. Барзиёд навиштани маблағҳо дар бахши сохтмон тақрибан 11 млн сомонӣ будааст. Давлатзода мегӯяд, аз маблағҳои ошкоршуда ҳамагӣ 56 млн. сомонӣ ё 35 дарсад ба буҷа баргардонида шудааст.

Аудиторҳои Палатаи Ҳисоб вақте ошкор карданд, ки роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд як мошини навъи "Нива"-ро ба қимати 93 ҳазор доллар харидаанд, дар тааҷҷуб шуданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят ҳамчунин ду мошини навъи "УАЗ"-ро низ бо қимати 114 ҳазор долларӣ харидааст. Ҳаҷми зиён ба буҷаи давлат фақат аз ин идора, ба гуфтаи сардори Палати Ҳисоб, 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар пайи санҷишҳои мақомоти қудратии Тоҷикистон 59 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Тоҷикистон дар баҳодиҳии созмонҳои байналхалқӣ миёни 20 кишвари фасодзадатарини дунё ҷой дорад. Чанд сол пештар Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар пайи як таҳқиқот гуфта буд, ки фасод дар Тоҷикистон ба сатҳе расидааст, ки ба амнияти миллӣ хатар эҷод мекунад.

XS
SM
MD
LG