Ссылки доступа

Дар як сол беш аз 10 ҳазор ӯзбекистонӣ визаи ИМА-ро гирифтанд


Дар соли 2015 сафорати ИМА дар Ӯзбекистон ба 10500 шаҳрванди Ӯзбекистон виза додааст.

Ба гуфтаи сафири ИМА дар Тошканд Памела Спратлен, ин рақам дар муқоиса бо солҳои пеш бамаротиб зиёд аст.

Бештаре аз шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки визаи Амрикоро пайдо кардаанд, донишҷӯён, сайёҳон ва тоҷирон мебошанд.

Памела Спратлен афзуд, ки соли гузашта сафорати ИМА қоидаи додани виза барои шаҳрвандони Ӯзбекистонро содда карда, мӯҳлати дарёфти онро кӯтоҳ намуд. Агар пештар шаҳрвандони Ӯзбекистон бояд визаро се ҳафта интизор мешуданд, ҳоло ин мӯҳлат як ҳафтаро дар бар мегирад.

Ҳарчанд интиқоди ИМА аз сӯйи шаҳрвандони Ӯзбекистон зиёд мушоҳида мешавад, аммо ҳамасола теъдоди алоқамандони сафар ба ин “ҷаннати рӯйи замин” меафзояд.

Дар соли 1996 беш аз 300 шаҳрванди Ӯзбекистон дар бозии бурдноки Green Card пирӯз шуда бошанд, ҳоло ҳамасола қариб 5 ҳазор сокинони ин кишвар соҳиби визаи муҳоҷиратии амрикоии Green Card мешаванд.

XS
SM
MD
LG