Ссылки доступа

СММ аз Русия хост, Ҳалабро дигар бомбаборон накунад


Фаронса, Бритониё ва шариконашон дар Шӯрои Амнияти СММ аз Русия даъват карданд, ки зарбаҳои ҳавоӣ ба вилояти Ҳалаби Сурияро қатъ кунад.

Тибқи навиштаи хабаргузории France-Presse, дар Шӯрои Амнияти СММ бо дархости Зеландияи Нав ва Испания машваратҳои пӯшида дар робита ба бӯҳрони башардӯстона дар Ҳалаб баргузор шуд. Намояндаи Бритониё дар СММ Мэтю Рикрофт гуфт, Русия бояд аз нуфузи худ барои таъсир ба президенти Сурия Башор Асад истифода карда, ба қатъи тирпарронӣ, фароҳам кардани шароити расонидани кумакҳои башардӯстона барои ниёзмандон ва қатъи зарбаҳои ҳавоӣ ноил шавад.

Ҳамчунин намояндаи воломақоми Департаменти давлатии ИМА Бретт Макгурк гуфт, ки зарбаҳои ҳавоии Русия ба мавзеъҳои мухолифони Башор Асад дар Ҳалаб ва атрофи он мавқеи гурӯҳи ифротии дар Русия мамнӯи “Давлати исломӣ”-ро тақвият мебахшанд. Ба гуфтаи Макгурк, намояндаи махсуси президенти ИМА дар мубориза бо “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ, Русия ба корҳое машғул аст, ки барои муваффақиятҳои исломгароён мусоидат мекунад.

Дар рӯзҳои ахир қариб 35 ҳазор суриягӣ дар пайи ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматии Сурия бо пуштибонии ҳавопаймоҳои низомии Русия ба шаҳри Ҳалаб, маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд.

Имрӯз дар Мюнхен дидори гурӯҳи Байналмиллалии ҳимоят аз Сурия бо ширкати котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ва вазирони корҳои хориҷии қариб 20 кишвар, аз ҷумла раҳбари вазорати корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG