Ссылки доступа

НАТО аз тақвияти самти шарқӣ пуштибонӣ кард


Вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои НАТО нақшаи пурзӯр кардани самти шарқиро пуштибонӣ карданд.

Ба гуфтаи дабири кулли ин иттиҳод Йенс Столтенберг, ҷузъу томҳои нав

дар Лаҳистон ва кишварҳои дигари шарик, ки бо Русия ҳаммарз мебошанд, “пайёми хубе” буда, ҳайати гуногунмиллати онҳо ошкоро нишон медиҳад, ки “ҳамла ба як узви иттиҳод, ҳамла ба тамоми иттиҳод дониста мешавад”.

Ин ҷузъу томҳоро ба шакли ивазшаванда ворид мекунанд ва нерӯҳои мусаллаҳ ба таври доимӣ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ҷойгир намешаванд. НАТО ҳамзамон иқдомҳои иловагӣ, аз ҷумла тақвияти аслиҳа ва таъсиси зерсохторҳои навро баррасӣ мекунад.

Тасмимҳои ниҳоӣ дар ин замина ҳанӯз эълон нашудааст. Ҷобаҷокунии воҳидҳои низомии изофӣ иқдомҳои ҷавобии ин иттиҳод ба бӯҳрон дар Украина ва ғасби Қрим аз сӯйи Русия дар соли 2014 мебошад.

XS
SM
MD
LG