Ссылки доступа

Бердимуҳаммадов Туркияро шарики асосии Туркманистон номид


Туркия яке аз бузургтарин шарикони иқтисодиву тиҷоратии Туркманистон аст, ки дар иҷрои барномаҳои бузург дар кишвар саҳм мегирад.

Ба навиштаи хабаргузории давлатии Туркманистон, дар ин бора раиси ҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳҳои маҳсулоти содиротии Ҷумҳурии Туркия дар Ашхобод гуфт.

Раҳбари Туркманистон афзуд, ки ин намоишгоҳ “бояд барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманди тарафайни миёни ду кишвари бародар ва тақвияти мушорикати судовари байнидавлатӣ кумак кунад”.

“Мутмаинам, ки намоишгоҳи феълӣ ва дар чаҳорчӯби он баргузории ҳамоиши тиҷоратии туркманиву туркӣ барои тавсеаи мушорикати тиҷоративу иқтисодии дуҷониба, афзоиши содирот, рушди робитаҳои корӣ бо ширкатҳои туркӣ ва сармоягузорон, ҷалби бемамонияти сармояҳои хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ аҳамияти зиёд дорад”, - афзуд вай.

Қурбонгулӣ Бердумаҳаммадов таъкид кард, ки “бо ҳамкорӣ бо шарикони туркманистонӣ тоҷирони туркӣ ва ширкатҳо мавқеи худро дар бозори ояндадори Туркманистон тақвият медиҳанд” ва ҳамзамон “тарҳҳои муштарак дар арсаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ иҷро карда, талошҳои судовар дар ин заминаро анҷом медиҳанд”.

XS
SM
MD
LG