Ссылки доступа

Русия масоҳати пойгоҳашро дар Қазоқистон кам мекунад


Вакилони сенати порлумони Қазоқистон созишномаи тағйиру иловаҳо ба қарордоди Қазоқистону Русия дар бораи тартиби истифода аз пойгоҳи Тайсойганро тасвиб карданд.

Аз ин пойгоҳ ҳамчунин ба унвони маркази 929-уми озмоишии давлатии парвозҳо ном бурда мешавад.

Дар хулосаи кумитаи сенат гуфта шудааст, ки тағйирот ва иловаҳо кам кардани масоҳати замини иҷораи Русияро дар назар дорад. Қарор аст ин заминҳо барои кишоварзии мавсимӣ ва корҳои иктишофии маъданкобӣ истифода мешавад.

Қазоқистон ва Русия қарордод дар бораи тартиби истифодаи пойгоҳи давлатии озмоишии парвозҳои 929-ро 20 январи соли 1995 имзо кардаанд. Тибқи ин созишнома, ба маркази 929-ум минтақаҳое дар вилоятҳои Қазоқистони Ғарбӣ ва Атирау ба иҷора дода шудаанд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Русия масоҳати минтақаҳои пойгоҳҳои низомии аз Қазоқистон ба иҷора гирифтаро кам мекунад.

XS
SM
MD
LG