Ссылки доступа

Дар Лондон сайри «қасрҳои олигархҳо" роҳандозӣ шуд (Видео)


В Лондоне начали проводить экскурсии "по местам олигархов"
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:48 0:00

Дар Лондон саёҳати махсусе баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ба хабарнигорон манзилу ҳавлиҳои боҳашамати сарватмандон намоиш дода шуд.

Ба ширкаткунандагони ин саёҳат манзили муовини нахуствазири Русия Игор Шувалов нишон дода шуд, ки арзишаш 100 маротиба бештар аз моҳонаи расмии яксолааш мебошад. Аммо соҳиби гаронтарин манзил дар Лондон сарватмандтарин шахси Украина Ринат Ахметов мебошад. Манзили вай дар Гайд-Парк 136 миллион фунт арзиш дошта, бо тирезаҳои тирногузар ва паноҳгоҳи махсус барои ҳолатҳои фавқулодда муҷаҳҳаз шудааст.

Соҳиби ҳавлии №5 дар Белгрейв-сквер бо арзиши чанд миллион фунт тоҷири муваффақи рус Олег Дерипаска аст. Маҷаллаи Форбс ӯро “саноатчии дӯстдоштаи Путин” унвон карда, дороиҳои ӯро беш аз 2 миллиард доллар шумурдааст.

Ҳавлии 3 миллиону 300 ҳазор фунтӣ дар гаронтарин минтақаи Лондон – Челсӣ ба Роман Роттенберг тааллуқ дорад. Падари вай яке аз дӯстони қадимии Путин аст. Вале вай иддао дорад, ки ин сарваташ қонунист.

Маҷмааи бузурги биноҳо, аз ҷумла истгоҳи собиқи метрои Лондонро Дмитрий Фитраш соҳибӣ мекунад. Вай яке аз наздикони президенти пешини Украина Виктор Янукович буда, феълан дар Австрия аст ва ИМА истирдоди ӯро дар чаҳорчӯби парванди ришвагирӣ талаб мекунад.

(Ба хоҳишмандон метавонем шакли аслии навори видеоиро бе логотип пешниҳод кунем)

XS
SM
MD
LG