Ссылки доступа

Раиси пешини Бишкек Қирғизистонро муваққатан тарк мекунад


Раиси пешини шаҳри Бишкек Кубаничбек Қулматов бино бар сабабҳои хонаводагӣ муваққатан Қирғизистонро тарк мекунад.

Шаҳрдори собиқи Бишкек Кубаничбек Қулматов дар ин бора зимни як нишасти хабарӣ иттилоъ дод ва мусофираташро як зарурати хонаводагӣ номид.

"Ин танҳо ба худи ман рабт дорад. Ман бояд як муддат ғоиб бошам", - гуфт Қулматов. Ба гуфтаи вай, ин масъала боис шудааст, ки аз мақомаш канор равад. Вай гуфтааст, дар замони роҳбарияш корҳои мусбатеро анҷом додааст.

Қулматов афзудааст, намедонад ки дар оянда чӣ кор хоҳад кард. Ёдовар мешавем, шаҳрдори пешини Бишкек рӯзи 9 феврал изҳор дошт, ки бо хоҳиши худаш аз вазифа меравад. Вай 15 январи соли 2014 ба ин мақом таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG