Ссылки доступа

Кашфиёти олимони амрикоӣ дар илми кайҳоншиносӣ


Пажӯҳишгарони Иёлоти Муттаҳида эълон карданд, ки мавҷҳои зилзилавиеро ошкор кардаанд, ки аз бархурди ду холигии сияҳ ба вуҷуд меоянд.

Ин ихтироъ ва пешрафт дар илм аст, ки онро як аср пеш Алберт Эйнштейн пешгӯӣ кардааст.

Кашфиёт таваҷҷӯҳи тамоми оламро ба худ ҷалб сохт ва интизор меравад, шакли нави назорати кайҳониро ба вуҷуд оварда, имкон медиҳад дарки мавҷҳои зилзилавӣ ба таври беҳтар сурат бигирад.

“То ҳол чашмони мо ба самти фазо нигаҳ мекарданд, аммо мо садои мусиқиро намешунидем”, - гуфт Саболч Марка, кайҳоншиноси Донишгоҳи Колумбия ва узви гурӯҳе, ки мавҷҳои зилзилавиро ошкор кард. Вай гуфт, ки мавҷҳо ба гунаи саундтреки кайҳонӣ садо медиҳанд.

Гурӯҳи байналмиллалии кайҳоншиносон аз таҷҳизоти ҳассосе истифода мекунад, ки арзишаш 1,1 миллиард доллар аст ва онро маркази ситорашиносии лазерии интерферометрии мавҷҳои зилзилавӣ (LIGO) меноманд. Ин таҷҳизот дар ду минтақаи Иёлоти Муттаҳида воқеъ аст ва имкон медиҳанд мавҷҳо аз бархурди ду холигоҳи сиёҳ дар масофаи 1,3 миллиард соли хуршедӣ дуртар аз Заминро ошкор созанд.

Мавҷҳои зилзилавӣ, ки вуҷуди онҳоро Эйнштейн дар соли 1916 пешбинӣ карда буд, ҷузъе аз ихтирои илмии ин донишманд аст ва ба гунаи гиреҳе дар фазову вақт вуҷуд дошта, тасаввураш ба унвони шумориши чаҳорум душвор мебошад.

XS
SM
MD
LG