Ссылки доступа

Вашингтон ҷонибдори оташбаси фаврӣ дар Сурия аст


Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ва вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар дидор дар Мюнхен талош доранд, ки ихтилофот бар сари оташбаси Сурияро бартараф созанд.

Ин мулоқот зери айбдоркунии ҳамдигари ҷонибҳо дар мавриди бомбаборони минтақаҳои аҳолинишин дар шаҳри Ҳалаби муҳосирашуда ҷараён дорад.

Русия пешниҳод кард, ки аз 1 март оташбас эълон шавад, аммо Вашингтон ба ин аст, ки се ҳафта то оғози оташбас ба Москва ва ҳукумати Сурия имкон медиҳад, ки гурӯҳҳои мӯътадили мухолифро саркӯб кунанд. ИМА талаб дорад, ки оташбас фавран роҳандозӣ шавад.

Пеш аз оғози мулоқот дар Мюнхен Ҷон Керрӣ аз эълони интизориҳояш дар мавриди натиҷаи эҳтимолии ин мулоқот худдорӣ кард. “Мо дар бораи тамоми паҳлуҳои ҳодисаҳои Сурия сӯҳбати муфассал хоҳем кард. Чунин ба назар мерасад, ки мо мехоҳем дар мавриди масъалаҳои дастрасии ёриҳои башардӯстона ва оташбас бештар ба натиҷае бирасем. Мо дар бораи ҳамаи паҳлуҳои ин даргирӣ сӯҳбат мекунем”, - гуфт вай.

Лавров гуфт, ки Русия аллакай “пешниҳоди мушшахас”-и худро ба миён гузоштааст ва “пеш аз ин пешниҳод ба гурӯҳи Байналмилалии ҳимоят аз Сурия, ки аз 20 кишвар иборат аст, интизори посухи ҷониби Амрико мешавад”.

XS
SM
MD
LG