Ссылки доступа

Матни 40 ислоҳи конститутсияи Тоҷикистон эълон шуд


Дар Тоҷикистон матни пурраи ислоҳи конститутсияи кишвар нашр шуд. Тарҳи ислоҳот аз 40 нукта иборат аст, аммо яке аз онҳо баҳсҳоро дар ҷомеа ба бор овардааст.

Сухан аз моддаи 65 қонуни асосист, ки тартиби интихоби раиси ҷумҳури кишварро муайян мекунад. Бо ислоҳи ин модда вакилони порлумонӣ ба раҳбари феълии кишвар Эмомалӣ Раҳмон шароит фароҳам мекунанд, ки умрбод президент интихоб шавад.

“Маҳдудиятҳои дар қисми чаҳоруми ин модда зикршуда ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат рабт надорад”, - гуфта шудааст дар тарҳи ислоҳот.

Интихоботи ояндаи президентӣ дар Тоҷикистон дар соли 2020 баргузор мешавад. Тибқи қонуни феълӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар охири соли гузашта мақоми нави Пешвои миллатро ба худ гирифт, наметавонад дар ин интихобот номзадии худро пешбарӣ кунад, зеро ин давраи дувуми президентиаш аст.

Аммо, агар ин ислоҳот қабул шавад, вай ҳақ пайдо мекунад, ки номзадии худро бе ҳеҷ маҳдудият, то замоне, ки худ аз сиёсат дур нашавад, пешбарӣ кунад.

Ҳамчунин ислоҳи дувуми моддаи 65 низ дар ҷомеа зиёд баррасӣ мешавад. Вакилони порлумонӣ пешниҳод карданд, ки маҳдудияти синни номзадҳои раёсатҷумҳурӣ аз 35 то 30 сол кам карда шавад. Ин ислоҳ ба Рустами Эмомалӣ, писари калонии Эмомалӣ Раҳмон ҳақ медиҳад, ки дар интихоботи ояндаи президентӣ номзадии худро пешбарӣ кунад.

Дар соли 2020 Рустами Эмомалӣ, ки ҳоло раҳбари Агентии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод ва президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон аст, 33-сола мешавад.

XS
SM
MD
LG