Ссылки доступа

Имомҳо бо мавъиза барои муҳоҷирон ба Русия сафар мекунанд


Дар зудтарин фурсат дар Русия намояндагии Маркази исломии Тоҷикистон (МИТ) ифтитоҳ мешавад.

Ба гуфтаи раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, намояндагӣ бо муҳоҷирони кории Русия робитаи қавӣ барқарор карда, онҳоро бо «исломи воқеӣ» ошно ва мусоидат мекунад, ки тоҷикистониҳо ба доми гурӯҳҳои мухталифи террористӣ ва ифротгаро наафтанд.

Хабари ифтитоҳи намояндагии МИТ дар Русия як рӯз баъд аз дидори Равил Ғайнутдин, раҳбари раёсати Идораи мусалмонони қисмати аврупоии Русия ва раиси Шӯрои муфтиҳои Русия дар дидор бо сафири Тоҷикистон дар Москва Имомуддин Сатторов садо дод. Дар он дидор аз зарурати чунин намояндагӣ сухан рафт. Вай ҳамчунин аз МИТ даъват кард, ки чеҳраҳои саршиноси динии тоҷикро ба шаҳрҳое фиристад, ки дар он ҷо муҳоҷирони тоҷик зиёданд.

Мақомоти тоҷик борҳо изҳор доштаанд, ки бештаре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Русия ба Сурия ва Ироқ мераванд. Бино бар омори расмӣ, ҳоло қариб ҳазор тоҷикистонӣ дар Сурия ва Ироқ меҷанганд ва то ҳол 148 нафари онҳо кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG