Ссылки доступа

Дар биёбони Қизилқум барфи зиёд боридааст


Дар гармтарин биёбони Ӯзбекистон - Қизилқум - барфи зиёде боридааст, хабар медиҳад Кумитаи давлатии ҳифзи табиати Ӯзбекистон.

"Ҳарорати зери сифр ин шабу рӯзҳо аксари минтақаҳои кишварро фаро гирифтааст. Агар дар бисёре аз вилоятҳо боридани барф як падидаи маъмулӣ бошад, барои гармтарин минтақаи кишвар - биёбони Қизилқум - боридани барф як рӯйдоди нодир аст", - омадааст дар хабари ин кумита.

Биёбони Қизилқум 300 ҳазор километри мураббаъро дар бар гирифта, дар миёни дарёҳои Амударё ва Сирдарё ҷойгир буда, миёни 3 кишвар - Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон паҳн шудааст.

Ҳафтаи ҷорӣ дар Ӯзбекистон бори аввал дар ин мавсим сардӣ фаро расида, барф борид. Ба иттилои Узгидромет, то охири ҳафта дар сартосари ин кишвар шабона сардии ҳаво то 5 - 8 дараҷаи зери сифр мерасад ва рӯзона ҳаво то 2-6 дараҷа гарм мешавад.

XS
SM
MD
LG