Ссылки доступа

Сарвазири Русия зидди амалиёти заминӣ дар Сурия аст


Сарвазири Русия Дмитрий Медведев гуфт, амалиёти заминӣ дар Сурия - ин як ҷанги комили дарозмуддат аст, ки ҳич кас ҳавасманди ҷанги нав нест.

Медведед дар ин бора дар мусоҳибаи телевизионии "Евронюс" изҳори назар кард.

Дар посух ба ин суол, ки оё Москва президенти Сурия Башор Асадро пуштибонӣ мекунад, сарвазири Русия гуфт, кишвараш маҳз ин сиёсатмадорро ҳимоя намекунад, балки муносиботи дӯстона бо давлати Сурияро ҳимоя мекунад, ки пеш аз сари қудрат омадани Башор Асад ба роҳ монда шудаанд.

Дар рӯзҳои охир сарвазири Русия дар масъалаи сиёсати хориҷӣ, масоили иқтисодӣ чанд бор изҳори назар кард. Вай дар конфронси байналмилалии масоили амниятӣ дар Мюнхен, ки рӯзҳои 12-14 феврал баргузор шуд, иштирок дошт.

Дар конфронси Мюнхен Медведед муносиботи кунунии кишварҳои НАТО ва Русияро ба оғози "ҷанги сард"-и нав монанд кард.

XS
SM
MD
LG