Ссылки доступа

“Сарроф” бо айби интиқоли $800 000 ба Дубай боздошт шуд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сокини 25 солаи шаҳри Душанбе ба гумони амалиёти ғайриқонунӣ бо асъор боздош шуд.

Ба иттилои ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда дар маҳалли кориаш, воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, бидуни иҷозатномаи зарурӣ ба фаъолияти ғайриқонунии вобаста ба асъор ва бонкдорӣ дар ҳаҷми махсусан калон машғул буд.

Дар хабари ВКД гуфта шудааст, ки “аз 12 декабри соли 2015 то 21 январи соли 2016 боздоштшуда аз шаҳрвандон беш аз 800 000 доллари ИМА гирифта, ин маблағро ба шаҳри Дубайи АМА интиқол додааст. Ҳамзамон вай аз Дубай ба Душанбе 200 000 доллари ИМА интиқол додааст. Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи он идома дорад”.

Пештар Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ҷазо баро амалиёти ғайриқонунӣ бо асъор сахттар шуда, барои чунин ҷиноят 9 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи молу мулк муқаррар шавад.

XS
SM
MD
LG