Ссылки доступа

Гаронтарин бензини Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аст


Муқоисаи нархи бензин дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки гаронтарин маводи сӯхтӣ дар Тоҷикистон будааст.

Як литр бензини навъи АИ-92 дар Туркманистон феълан 27 сенти ИМА нарх дошта, дар Қазоқистон баробари 35 сент, дар Ӯзбекистон 37 ва дар Қирғизистон 44 сент мебошад. Ин дар ҳолест, ки як литр бензини ин навъ дар Тоҷикистон 65 сенти ИМА фурӯхта мешавад.

Як литри бензини навъи сифаташ беҳтари АИ-95 дар Туркманистон баробари 28 сент, дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон 38-сентӣ, дар Қирғизистон 49, аммо дар Тоҷикистон тақрибан 69-70 сент аст.

Ба ин тартиб, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои минтақа дар заминаи арзиши маводи сӯхт пешсаф аст. Як литр маводи сӯхти дизелӣ дар Туркманистон 25 сент, Қазоқистон 28, дар Ӯзбекистон 39 сент, дар Қирғизистон 42 ва дар Тоҷикистон қариб 60 сенти ИМА нарх дорад.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабабҳои боқӣ мондани нархҳои баланди маводи сӯхт назарҳои мухталиф доранд. Дар вазорати энергетика ва хоҷагии оби кишвар мегӯянд, чунин нархҳои баланд ба вазъи Русия вобаста аст. Дар Агентии зиддинҳисорӣ бар инанд, ки нархи баланди сӯзишворӣ ба харҷи интиқоли он бастагӣ дорад. Вазири энергетикаи Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода мегӯяд, 90%-и сӯзишворӣ ба кишвар аз Русия ворид мешавад.

XS
SM
MD
LG