Ссылки доступа

Ислом Каримов: комсомол хоин тарбият мекард, Фейсбук "офат" аст


Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон зимни суханронӣ дар Шӯрои сарпарастони Бунёди рушди варзиши кӯдакона созмонҳои ҷавонони замони шӯравиро танқид карда, гуфт, созмони комсомол хоин тарбият мекард.

"Ин режими шӯравӣ бо оинномаи пионеру комсомолаш сари ҳамаро гич карда буд. Мехоҳам бигӯям, ки аз миёни комсомолон ҳатто як роҳбар набаромад. Миёни онҳо бачаҳое набуданд, ки ба талаботи имрӯзии мо ҷавобгӯ бошанд. Дар ин созмон бештар одамонеро тарбия карданд, ки ба хиёнат кардан омода буданд", - гуфт президенти Ӯзбекистон.

Худи Ислом Каримов дар гузашта ҳам пионер ва ҳам комсомол буд, ки ситораи лениниро аз сари синааш намегирифт. Ва вақте вай узви ҳизби коммунистӣ шуд, соҳиби билети ҳизбӣ гардид, ки дар муқоваи ин билет акси Ленин "медурахшид". Дар ҷаласаи Шӯрои сарпарастон Каримов ҳамчунин аз маҳбубияти шабакаҳои иҷтимоӣ байни ҷавонон изҳори нигаронӣ кардааст.

Вай гуфтааст, намешавад интернетро маҳдуд кард, вале бо ин вуҷуд Каримов шабакаҳои иҷтимоиро барои ҷавонон "офат" номидааст.

XS
SM
MD
LG