Ссылки доступа

Ҷавони тоҷик бо айбномаи "нақшаи таркиш" 25 сол гирифт


Сокини 21-солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Панҷ Шаҳриёр Турахонов бо ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон 25 сол зиндонӣ шуд.

Вай барои узвият дар ҷунбиши террористии “Толибон” айбдор дониста шуд.

Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон хабар дод, ки маҳкумшуда бо супориши ҷунбиши “Толибон” барои тарконидани бинои театри опера ва балет дар шаҳри Душанбе вазифадор шуда буд.

Дар моҳи июли соли гузашта Шаҳриёр ғайриқонунӣ аз марзи Афғонистон гузашта, ба ҷунбиши “Толибон” пайваст. Баъд аз се моҳи омӯзиш дар пойгоҳи террористон ва гирифтани “вазифаи махсус” вай ба ватан баргашт. Ба гуфтаи Сайфиддин Муҳиддинзода, Шаҳриёр дар моҳи ноябри соли гузашта боздошт шуда буд, аммо вай то “сафараш” ба Афғонистон мавриди таваҷҷӯҳи ниҳодҳои интизомӣ қарор гирифта буд.

Шаҳриёр ҳангоми бозпурсӣ иқрор шуд, ки дар пойгоҳи террористон ду тоҷики дигар низ ҳамроҳаш омӯзиш дидаанд. Онҳо барои тарконидани бинои Китобхонаи миллӣ ва Кохи Миллат дар пойтахти Тоҷикистон вазифадор шудаанд.

Хабар дода мешавад, ки ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон номи яке аз иҷрокунандаҳои эҳтимолии "нақшаи таркиш"-ро медонанд.

XS
SM
MD
LG