Ссылки доступа

“Ӯзбекнаво” ҳимояи “бешармӣ"-и Тамиларо манъ кард


Созмони ҳунармандони “Ӯзбекнаво” аз ҳунармандони ӯзбек, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз овозхон Тамила ҳимоят карданд, интиқод кард.

Раҳбари бахши иҷозатномаҳои созмони ҳунарии “Ӯзбекнаво” Одил Абдуқаҳҳоров аз амали овозхонҳои ҷавони эстрадаи ӯзбек Лола Юлдошева ва Азиза Низомова интиқод кард. Ин ду овозхон дар саҳифаҳои хусусии худ дар Instagram аз Тамила (Эсмералда Раҳматова) баъди дар интернет пайдо шудани наворҳои “бешармонаи” видеоиаш пуштибонӣ карданд.

Абдуқаҳҳоров гуфт, ки раҳбарияти “Ӯзбекнаво” “барои баланд бардоштани маънавияти ҳунармандон чораҳои махсус меандешад”.

“Ба ҷои он, ки Тамиларо ба тартибот даъват кунанд, баръакс ӯро тарафдорӣ карданд”, - гуфт намояндаи “Ӯзбекнаво” ба хабарнигорони маҳаллӣ.

Ба гуфтаи вай, дар ин робита дар ояндаи наздик “Ӯзбекнаво” мехоҳад ҷаласаи махсусе бо ширкати Лола Юлдошева, Азиза Низомова ва ҳунармандони дигари ӯзбек баргузор кунад.

“Мо ҳимояти чунин бешармиро қатъиян манъ мекунем”, - таъкид кард Абдуқаҳҳоров.

Ёдовар мешавем, ки 6 феврал Тамила дар шабакаҳо муроҷиатномаи видеоиеро пахш карда, дар он гуфт, ки навори “бешармонаи” видеоӣ бо ширкати вай сохтакорӣ аст ва сару садоҳо дар барои кӯч бастанаш ба Қазоқистон воқеият надорад.

Феълан “Ӯзбекнаво” ба овозхонҳо, раққосон, муҷриҳои барномаҳои ҳунарӣ, ҳунармандони шоу-балет ва мудирони барномаҳои консертӣ иҷозатномаи кор медиҳад. Ҳоло дар тамоми Ӯзбекистон 2751 соҳиби чунин иҷозатнома аст.

XS
SM
MD
LG