Ссылки доступа

Пулис ДИ-ро дар таркиши Доғистон гумонбар медонад (видео)


Ду нафар дар натиҷаи таркиш дар назди истгоҳи пулиси роҳ кушта ва дастикам 18 нафар захмӣ шуданд.

Ба иттилои аввалияи ниҳодҳои интизомӣ, таркиш дар назди истгоҳи пулиси роҳ дар ноҳияи Дарбанди Доғистонро сокини маҳаллӣ анҷом додааст. Вай ҷонибдори ақидаҳои созмони ифротии «Давлати исломӣ» будааст.

Ду маъмури пулис қурбонии таркиш ва дастикам 18 нафар захмӣ шуданд. Таркиш замоне рух додааст, ки маъмурони пулис мошинеро барои бозрасии ҳуҷҷатҳо манъ мекунанд. Ба иттилои ниҳодҳои қудратӣ, шиддати таркиш баробари 30 килограмм тротил будааст. Дар сари фармони мошин маргталабе нишаста будааст.

XS
SM
MD
LG