Ссылки доступа

Додситони Қрим хостори бастани маҷлиси тоторҳо шуд


Наталя Поклонская, додситони Қрими аз тарафи Русия ғасбшуда, ба Додгоҳи олӣ пешниҳод кард, ки маҷлис - ниҳоди худидоракунии тоторҳои Қрим манъ карда шавад.

​Ба иттилои хабаргузориҳои Русия, Поклонская дирӯз пешниҳоди худро имзо карда, дар он маҷлисро «созмони ифротӣ» номидааст.

Ин созмон соли 1991 таъсис ва соли 1999 аз тарафи ҳукумати Украина эътироф шудааст. Маҷлис ҳамчун ниҳоде дониста мешавад, ки ба таҳия ва ироаи масъалаҳои тоторҳои Қрим ба Киев ва созмонҳои байналмилалӣ машғул аст.

Бештари тоторҳои Қрим зидди ғасби ин нимҷазираи Украина аз тарафи Русия дар соли 2014 буданд.

11 феврал мақомоти Русия, ки Қримро таҳти назорат доранд, чанд фаъоли тоторҳои Қримро боздошт карданд. Онҳо ба робита бо «Ҳизб-ут-Таҳрир» айбдор мешаванд. Ин созмони сиёсии суннимазҳабӣ дар бештаре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия мамнӯъ аст. Боздоштшудагон ин айбро рад карда, онро дорои ангезаи сиёсӣ унвон карданд.

XS
SM
MD
LG