Ссылки доступа

Додгоҳ хонаи Ғизол Байдалиноваро забт кард


Додгоҳи ноҳияи Алмалин дар Қазоқистон имрӯз ҳукм баровард, ки манзил ва дороиҳои дигари Ғизол Байдалинова, муҳаррир ва молики сомонаи мухолифи Nakanune.kz ҳабс шавад.

Худи Байдалинова аз 23 декабр дар боздоштгоҳи шаҳри Алмаато дар ҳабс аст.

Судя Қайрат Имонқулов ҳукм кард, ки манзили Байдалинова ва ҳамчунин маблағҳояш дар ҳаҷми 9 670 танга ва 100 доллари ИМА ҳабс шавад. Судя сабаби чунин ҳукми додгоҳро ба он марбут медонад, ки ҷинояти маъмурии содиркардаи Байдалинова «ҷинояти вазнин» аст. Ҳамчунин вай ба ин назар аст, ки ҳабси дороиҳояш ба манзури «таъмини иҷрои ҳукм дар заминаи даъвои маъмурӣ ва даъвоҳои дигари моликиятӣ зарур аст».

Дар ҳукми додгоҳ зикр шудааст, ки аз 29 апрели соли 2014 то 5 декабри ҳамон сол Тоир Калдибоев «бо гурӯҳи нафарон тибқи маслиҳати пешакӣ» бо Маҳамбет Аёзов, Рафаэл Балгин, Ғизол Байдалинова ва нафарони дигари барои тафтишот норӯшан бо истифода аз шабакаҳои иртиботиву иттилоотӣ, аз ҷумла тариқи сомонаи Nakanune.kz дар бораи Казкоммертсбонк иттилои бардурӯғ пахш кардаанд. Ин амал барои таъмини амнияти ҷамъиятӣ хатар эҷод кардааст. Судя Имонқулов таъкид мекунад, ки хисороти ин иттилоот баробар ба 114 миллиону 235 ҳазор 90 танга аст.

Дар моҳи майи соли гузашта додгоҳи ноҳиявии Медеуи шаҳри Алмаато Ғизол Байдалиноваро вазифадор кард, ки ба Казкомметрсбонк 20 миллион тангаро ҷуброн карда, матлабро аз сомона ҳазф кунад. Бонк ба ин назар аст, ки ин матлаб ба эътибори ин ниҳод зарар овардааст.

Ғизол Байдалинова 23 декабри соли гузашта бо гумони ҳамдастӣ дар таҳия ва нашри матлабҳои «фармоишӣ» дар сомонаи Nakanune.kz боздошт шуда буд. 26 декабр додгоҳи таҳқиқотӣ мӯҳлати боздошти ӯро то ба ду моҳ тамдид кард.

XS
SM
MD
LG