Ссылки доступа

Оҳанпора нест - таҷрибаомӯзӣ ҳам нест


Хонандагони коллеҷи касбиву техникии хизматрасонии маишии ноҳияи Амударё вазифадор шудаанд, ки давоми 10 рӯз 30 кило оҳанпора ҷамъ ва ба давлат бисупоранд.

Дар ивази оҳанпора мешавад 10 ҳазор сӯм супорид.

Ба гуфтаи хонандагон, онҳое ки оҳанпора намесупоранд ба таҷрибаомӯзӣ роҳ дода нахоҳанд шуд. Ҳамаи 400 хонандаи коллеҷ - ҳам духтарон ва ҳам писарон бояд оҳанпора супоранд. Вале мушкил дар ин аст, ки оҳанпораи нодаркорро дигар пайдо карда намешавад, мегӯянд хонандагон.

Дар ҳамин ҳол, яке аз кормандони ҳукумати ноҳияи Амударё тасдиқ кард, ки ҳатто хонандагони мактаб вазифадор шудаанд оҳанпора ҷамъ оранд.

- Ҳокими ноҳияи мо чунин дастурро ба ҳамаи идораҳо додааст. Бояд ҳам кӯдакон ва ҳам кормандони идораҳо оҳанпора ҷамъ оранд. Дар ноҳия тақрибан оҳанпора намондааст. Вале фармон содир шудааст, аз зери замин ҳам бошад, бояд онро пайдо кард. Дар сурати пайдо накардани оҳанпора бояд пул супорид, - мегӯяд масъули ноҳия.

Пештар Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ дода буд, ки дар Ӯзбекистон қарори Девони вазирони ин кишвар дар мавриди ҷамъ овардани оҳанпора комилан ба дӯши омӯзгорон, хонандагони мактаб, коллеҷҳо, литсейҳо ва табибону ҳамшираҳои шафқат уфтодааст.

Вақтҳои охир ҳатто волидони кӯдакони боғча ҳам маҷбур шудаанд ба давлат оҳанпора супоранд.

XS
SM
MD
LG