Ссылки доступа

Вакилони Русия ихроҷи фоҳишаҳои хориҷиро талаб карданд


Ба ақиди вакилони Думаи давлатӣ, фоҳишаҳои хориҷӣ дар Русия на танҳо бояд ҷарима, балки аз кишвар ихроҷ шаванд.

Вакилони Думаи Русия пешниҳод карданд, ки дар қонунгузорӣ ин тағйирот ворид гардад.

Ба иттилои мақомоти Русия, дар ин кишвар ҳар танфурӯши чаҳорум шаҳрванди кишвари хориҷӣ аст.

Мақомоти Русия мегӯянд, инҳо бештар зодагони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Украина, Нигерия, Молдов ва Камерун ҳастанд.

Ба андешаи нозирон, афзоиши теъдоди шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки ба танфурӯшӣ машғуланд, дар навбати аввал бо вазъи ногувори иқтисодӣ ва буҳрони ҷиддии маънавию ахлоқӣ дар ин кишвар бастагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG