Ссылки доступа

Полковник “Рустами Калла” худ паси панҷара афтод


Дар минтақаи Кӯлоб хабари боздошти полковник Рустам Темуров, ки бо лақаби “Рустами Калла” бештар маъруф аст, ба рӯйдоди гӯшношуниди сатҳи маҳаллӣ табдил шуд.

Дар додситонии минтақавии Кӯлоб гуфтанд, зидди полковник Рустам Темуров, ки замоне шахси пурнуфуз буд, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳоло вай дар боздоштгоҳи маҳаллӣ аст.

Ин мақоми собиқи милиса тибқи қисми 4 моддаи 250 Кодексии ҷиноятии Тоҷикистон барои “тамаъҷӯии ба таври махсус такроршуда” айбдор дониста мешавад. Барои чунин ҷиноят қонун ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то 20 сол бо мусодираи молу мулкро пешбинӣ кардааст.

Радиои Озодӣ хабар ёфтааст, ки парвандаи ҷиноӣ зидди полковники мустаъфӣ баъд аз шикояти гурӯҳе аз сокинони шаҳри Кӯлоб боз шудааст. “Рустами Калла” аз ин сокинон қариб 200 ҳазор доллар талаб кардааст.

Рустам Темуров дар солҳои 1980, замоне, ки вай ба курсии муовини раҳбари Шӯъбаи мубориза бо ғорати моликияти сотсиалистӣ (ОБХСС) дар вилояти Кӯлоб нишаст, маъруф шуд. Он солҳо вай чанд дуздии пурсарусадо дар муассисаҳои маҳаллии давлатиро ошкор кард.

XS
SM
MD
LG