Ссылки доступа

Вакили деҳқони арманитабори ӯзбекро иҷозатнома надоданд


Иҷозатномаи Олим Қобилов, вакили дифои ӯзбекро, ки аз ҳуқуқҳои деҳқони арманитабори ноҳияи Ҷиззах Арамаис Авакян ҳимоят мекард, бекор карданд.

Модари Авакянд Флорка Сакнутс мегӯяд, иҷозатномаи кории вакили дифоъ Қобиловро барои ҳимояи писараш бекор кардаанд.

Ба гуфтаи хабарнигори мустақили ӯзбек Улуғбек Ҳайдаров, дар сӯҳбати телефонӣ вакили дифоъ Қобилов ба вай тасдиқ кардааст, ки иҷозатномаи кориашро бекор карданд. Аммо вай нахостааст сабабҳои чунин тасмимро шарҳ диҳад. Ширин Турсунова, хонуми деҳқони ҷиззахӣ мегӯяд, вакили дифоъ чунин сурат гирифтани корро пешгӯӣ мекард.

Дар ҳамин ҳол навиштаи хабаргузории “Арменпресс”, ки гӯё Авакян ба 14 соли зиндон маҳкум шуда бошад, тасдиқ нашуд. Ҳукми додгоҳ ҳанӯз содир нашудааст.

Соҳиби 33 солаи хоҷагии моҳипарварӣ Арамаис Авакян ва чаҳор кормандаш 4 сентябри соли 2015 нопадид шуданд. Дертар маълум шуд, ки онҳоро маъмурони Идораи амнияти миллии Ӯзбекистон боздошт кардаанд. Амниятиҳо онҳоро дар содир кардани чанд ҷиноят ва иртибот бо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” айбдор кардаанд. Ба ҷуз аз ин, Арамаис Авакян ва дӯстонаш дар дуздӣ ва фурӯши қубурҳои зеризаминӣ, ки соли 1980 насб шуда буданд, айбдор дониста мешаванд.

Ба гуфтаи хешовандони Авакян, ихтилофи вай бо мақомоти маҳаллӣ баъд аз он сар зад, ки раҳбари ноҳия Ғафур Қаршибоев талош кард хоҷагии моҳипарвариаш дар ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззахро аз худ кунад.

XS
SM
MD
LG