Ссылки доступа

Қазоқистон: ҷанҷоли ҳавоии сатҳи байналмилалӣ (видео)


Скандал с подготовкой казахстанских вертолетчиков стал международным
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:50 0:00

Ҳавонаварди собиқи ширкати “Казавиаспас” Валерий Севастянов бо ҳукми додгоҳ вазифадор шуд, ки ба корхона маблағи таҳсилаш дар Олмон, ки баробар ба 8 миллион танга аст, баргардонад.

Аммо ин ҳодиса бозтоби байналмилалӣ низ пайдо кард.

Соли 2011 ҳавонавард Севастянов бо ширкати ҳавоии “Казавиаспас” қарордоди панҷсола ба маблағи 19 миллииону 500 ҳазор танга (130 ҳазор евро) имзо карда, дар Олмон дар давраи омӯзиши анҷоми парвозҳо бо чархболи “Еврокоптер-145”-ро хатм кард. Баъд аз се соли таъхири мунтазам дар пардохти маош вай водор шуд аз кор биравад. Баъд аз якуним соли дигар ширкати ҳавоӣ аз вай талаби бозпас додани 8 миллион тангаро (20 ҳазор евро) кард, ки барои таҳсилаш дар хориҷи кишвар сарф шудааст. Ҳавонавард дунболи мушаххас кардани аз кучо пайдо шудани ин маблағ шуд.

Ошкор шуд, ки нархномаи Академияи ҳавонавардони Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Олмон давраи омӯзишии ӯро 1200 евро муқаррар кардааст. Ба ин сабаб вай аз ҳукми содиркардаи додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят бурд. Малик Досимбеков, мудири кулли ширкати “Казавиаспас” иддао дорад, ки корманди собиқаш дурӯғ мегӯяд ва ӯ метавонад бо ҳуҷҷатҳо маблағи сарфкарда барои бозомӯзии ҳавонавардро тасдиқ кунад.

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи фаронсавии “Ле Монд” таҳқиқоти хабарнигории худ дар мавриди содироти 45 адад чархболҳои нави “Еврокоптер” ба Қазоқистон ва сохтмони корхонаи тавлиди чархболҳо дар наздикии Остона бо маблағи ду миллиард евроро нашр кард.

Ин расона навиштааст, ки атрофиёни президенти собиқи Фаронса Саркозӣ баъд аз имзои ин қарордод 300 ҳазор евро “пора” гирифтанд. Коршиносон мегӯянд, ки мақомоти фаронсавӣ бо мусоидати мақомоти баландпояи Қазоқистон ба бозрасони белгиявӣ фишор овардаанд. Дар натиҷа, таҳқиқи парвандаи ҷиноии Фаттоҳ Шодиев, шаҳрванди қазоқтабори Белгия ва ду шаҳрванди дигари Қазоқистон, ки бо президент Назарбоев робитаҳои қавӣ доранду дар таҳияи ин қарордод ширкат кардаанд, бо пардохти ҷаримаи 23 миллион евро қатъ карда шуд.

Дар охири моҳи феврал бояд муҳокимаи нави парвандаи ҳавонавард Севастянов шурӯъ шавад. Ин ҳавонавард ҳамчунон иддао дорад, ки пайгарди додгоҳии вай танҳо як ҳадафи тасдиқи изофанависии чанд миллиониро дораду бас.

Скандал с подготовкой казахстанских вертолетчиков стал международным
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:50 0:00

XS
SM
MD
LG