Ссылки доступа

Роҳбандӣ бо талаби озодии сарвазири пешини Қазоқистон


Беш аз даҳ нафар кӯчаи марказии Остонаро банд карда, озодии нахуствазири собиқи Қазоқистон Серик Ахметовро талаб доранд.

Ахметов бо айби фасодкорӣ 10 сол зиндонӣ шудааст.

Гирдиҳамомадагон навиштаҷоти «Мо адолатро талаб мекунем»-ро дар даст доранд. Дар ин навиштаҷот ҳамчунин ба мақомот паёме ирсол шудааст, ки мӯҳтавои он муборизаи беамон бо фасод, озодӣ ба Серик Ахметов ва “зиндонӣ кардани” бархе аз ҳокимон аст. Мардум барои муддате ҳаракати нақлиёт дар маркази Остонаро бастанд. Ширкаткунандагони ин эътирозро пулис боздошт кардааст.

Дар раёсати корҳои дохилии Остона хабар доданд, боздоштшудаҳо ба бахши пулис оварда шуданд. Дар ин ниҳод гуфтанд, ки боздоштшудагон “ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мешаванд”.

Нахуствазири собиқ Серик Ахметов дар моҳи декабри соли 2015 ба 10 соли зиндони умумӣ ва бо мусодираи молу мулк ва маҳрум сохтан аз ишғоли вазифаҳои давлатӣ дар тӯли панҷ сол маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG