Ссылки доступа

Дар Тошканд мардум ба ҳимояи чинорҳо баромаданд (акс, видео)


Сокинони яке аз маҳаллаҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон бо нишони эътироз аз буридани чинорҳои куҳансол ба кӯча баромаданд.

Қарори ҳукумат дар бораи буридани чинорҳои бештар аз 60-сола, ки дар ҷойи онҳо истодгоҳи мошинҳо ва ду бинои истиқоматӣ сохта хоҳад шуд, эътирози сокинонро ба бор овард. Дар маҷмуъ 182 чинор бурида мешавад, ки тобистон ба рӯи майдончаи бозии кӯдакон ва ҳавлии биноҳо соя меафканданд.

Аксҳои ҷараёни буридани дарахтон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, на танҳо эътирози сокинон балки аксари корбарони интернетро ба бор оварданд.

Дар сомонаи Fergananews.com наворе нашр шудааст, ки сокинон бо намояндаи сохтмончиён баҳс карда, талаб доранд, ки буридани дарахтонро қатъ кунанд. Бо ҳадафи пешгирӣ аз буридани дарахтон 300 имзо ҷамъ шудааст, аммо ба гуфтаи рӯзноманигори мустақили тошкандӣ Сид Янишев, ҳоло эътирози сокинон садди роҳи дарахтбурӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG