Ссылки доступа

Таркиш дар Анкара 28 кушта ба ҷой гузошт


Дар маркази Анкара рӯзи чаҳоршанбе таркише рух дод, ки тибқи иттилои охирин, дар он 28 нафар кушта ва беш аз 60 тан захмӣ шуданд.

Ҳамчунин дар ин таркиш чанд мошин сӯхтаааст. Раиси шаҳри Анкара Маҳмад Киличлар мегӯяд, эҳтимол, ҳадафи ин таркиш автобусҳое буданд, ки ҳарбиёнро интиқол медоданд. Ин таркиш дар наздикии хобгоҳи низомиён сар задааст.

Дар робита ба ин ҳодиса президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон сафараш ба Озарбойҷонро қатъ кард ва сарвазири ин кишвар Аҳмад Довудоғлу аз сафари Белгия худдорӣ варзид. Муовини сарвазир Бекир Боздаг ин таркишро амали террористӣ номид.

Дар моҳи октябри соли гузашта дар таркишҳои Анкара бештар аз сад нафар кушта шуд. Мақомоти Туркия масъулияти ин таркишҳоро бар дӯши гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" вогузоштанд.

XS
SM
MD
LG