Ссылки доступа

Баёноти шоҳидони қатли Умаралӣ Қувватов дар Истамбул


Додгоҳи Истамбул нишондодҳои ду шоҳиди асосии парвандаи қатли роҳбари "Гуруҳи-24" Умаралӣ Қувватовро шунид.

Шоҳиди асосии ин парванда - Суҳроб Тӯраев дар додгоҳ Сулаймон Қаюмовро мӯҳраи асосӣ дар таҳияи сӯиқасд ба ҷони Умаралӣ Қувватов номидааст. Бино бар фарзияи додситонӣ, Қаюмов шоми 5 марти соли 2015 хонаводаи Қувватовро ба меҳмонӣ даъват карда, аммо ҳангоми ғизо хӯрдан Қувватов ва хонаводааш худро бад ҳис кардаанд. Қувватов ба берун баромада, вале дар кӯча бо тапонча кушта шудааст.

Шоҳид гуфтааст, Қаюмов аз ғизоҳои оншаба нахӯрдааст. Ин нишондодро худи Қаюмов ҳам тасдиқ кардааст. Қаюмов ҳамчунин гуфтааст, ба нишондоди шоҳидон чизе илова кардан намехоҳад.

Намояндаи додситонии Истамбул гуфтааст, Умаралӣ Қувватов аз таъқибҳои мақомоти Тоҷикистон фирор карда, дар ҳудуди Туркия паноҳгоҳ ҷустааст. Дар ин парванда 5 шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳамдаст дониста мешаванд, ки ҳоло дар берун аз Туркия қарор доранд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон "Гуруҳи 24"-ро ғайриқонунӣ дониста, на камтар аз 10 аъзои ин гуруҳ ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд.

XS
SM
MD
LG