Ссылки доступа

УЕФА таҳқиқи рафтори футболбози русро шурӯъ кард


Иттиҳоди анҷуманҳои футболи Аврупо ё УЕФА таҳқиқи маъмурӣ нисбати Дмитрий Тарасов, футболбози тими “Локомотив”-и Москваро барои намоиши либоси таҳпӯш шурӯъ кард.

16 феврал Тарасов баъд аз анҷоми бозӣ бо “Фенербахче” дар Истамбул либоси варзиширо аз тан кашид ва либоси таҳпӯшро бо акси президенти Русия Владимир Путин бо навиштаҷоти “Президенти аз ҳама боадаб”-ро намоиш дод.

Ба иттилои маркази матбуотии ин ниҳод, парвандаи футболбоз 17 март баррасӣ мешавад. Тарасов дар рафтори беадабона, яъне намоиши либоси таҳпӯш айбдор мешавад.

“Бозигарон набояд либоси таҳпӯши худро бо навиштаҷоти сиёсӣ, динӣ ва хусусӣ ё пайёмҳову аксҳо нишон диҳанд”, - омадааст дар хабари УЕФА.

Қоидаи ҷазои УЕФА барои чунин рафтор маҳрумият аз 10 бозӣ ва бештар аз инро пешбинӣ мекунад.

Дар тими футболи “Локомотив” бо мавзеъгирии УЕФА мувофиқанд ва рафтори Тарасовро ғайри қобили қабул мешуморанд. Дар баёнияи тим гуфта мешавад, ки кормандони “Локомотив” наметавонистанд аз рафтори Тарасов пешгирӣ кунанд, зеро касе аз нақшаи вай огаҳӣ надошт. Зикр шудааст, ки Дмитрий Тарасов тибқи қарордод бо тими футбол ҷазо дода мешавад.

Бозии 1/8 финали Лигаи Аврупо бо пирӯзии тими туркӣ бо ҳисоби 2:0 анҷом шуд.

XS
SM
MD
LG