Ссылки доступа

ИМА: Русия шиддати зарбаҳои ҳавоӣ дар Сурияро кам накардааст


Намояндаи фармондеҳии низомии ИМА гуфт, ки ҳарчанд дар ҳафтаи ҷорӣ қарордоди оташбас ба иҷро даромад, Русия шиддати амалиёти ҳавоиро дар Сурия коҳиш надодааст.

Русия, ИМА, Туркия ва кишварҳои дигар дар бораи қатъи амалиёти низомӣ дар Сурия аз 18 феврал қарордод имзо карданд.

Полковник Стив Уоррен, намояндаи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар Бағдод, дар бораи набудани далелҳои омодагии Русия ба қатъи зарбаҳои ҳавоӣ хабар дод.

“Шиддати амалиёти низомӣ-ҳавоии Русия ва режими суриягӣ кам нашудааст. Ва эҳтимолан ҳатто бештар шудааст”, - гуфт Стив Уоррен.

Москва иддао дорад, ки амалиёташ дар Сурия зидди гурӯҳҳои террористӣ аст. ИМА ва шариконаш мӯътақиданд, ки зери зарбаҳо мухолифони мӯътадил низ меафтанд, ки зидди режими президент Башор Асад меҷанганд. Аз бомбаборони ахири Ҳалаб даҳҳо ҳазор сокин ба самти марзи Туркия фирор кардаанд.

XS
SM
MD
LG