Ссылки доступа

Вазъият дар Бурил мӯътадил шуд


Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, вазъ дар деҳаи Бурили вилояти Ҷамбул зери назорат аст ва ба нооромиҳое, ки дар ин ҷо баъд аз қатли як наврас сар заданд, хотима гузошта шуд.

Бо вуҷуди он ки рафтуо ба деҳа мумкин шудааст, пулис ҳуҷҷати мусофирон тафтиш мешавад. Кормандони пулис дар кӯчаҳои деҳа навбатдорӣ мекунанд.

Ҳавлие, ки ба гуфтаи сокинони деҳа, дар он оилаи гумонбар зиндагӣ мекард, феълан холӣ аст. Шишаи тирезаҳо шикаста шуда, девори атрофи ҳавлӣ вайрон гардидааст. Барои пешгирӣ аз сӯхтор дар канори ин ҳавлӣ маъмурони пулис навбатдорӣ мекунанд.

Нооромиҳо дар Бурил, ки дар наздикии Тараз воқеъ аст, 15 феврал баъд аз қатли навраси қазоқ шурӯъ шуд. Дар ин қатл ҳамдеҳаи вай, ки турктабор аст, гумонбар мешавад. Сокинони деҳа ҷазои гунаҳкорро талаб доранд. Рӯзи чаҳоршанбе сокинон ба кӯча баромада, озодии чанд нафареро талаб карданд, ки бо айби вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳангоми нооримиҳо боздошт шудаанд.

Аз оғози нооромоҳо мақомоти маҳаллӣ ва пулис изҳор доштанд, ки ин ҷиноят ангезаи маишӣ дошта, эҳтимолан ба “дуздии моликияти кушташуда” вобастааст. Вазири корҳои дохилии Қазоқистон Калмуханбет Қосимов имрӯз дар Остона гуфт, ки вазъият дар Бурил “мӯътадил” шуда, гумонбар боздошт гашт ва таҳқиқи ин ҷиноят идома дорад.

XS
SM
MD
LG