Ссылки доступа

Меркел: дар Сурия ҳарими мамнӯъ барои парвози ҳавопаймоҳо зарур аст


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел вазъи башариро дар Сурия сангин номида, даъват кард, ки барои ҳимояи аҳолии осоиштаи ин кишвар ҳарими мамнӯъ барои парвози ҳавопаймоҳо роҳандозӣ шавад.

Зимни суханронӣ дар Бундестаг Меркел таъкид кард, кишварҳои эътилоф, ки ба ҷангиёни исломгаро дар Сурия зарба мезананд, бояд бо нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифони мусаллаҳ тавофуқ кунанд.

Рӯзи чаҳоршанбе раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи туркӣ тирпарронӣ ба мавзеи гурӯҳҳои ихтиёрии курдҳои суриягиро дар посух ба тирпарронии онҳо дар минтақаи марзӣ қатъ намекунад.

Дар паёми телевизионияш Эрдуғон гуфт, гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳизби иттиҳоди демократии курдҳои Сурия бо истифода аз бомбаборони Русия аз мухолифони Асад минтақаҳои нави кишварро ишғол мекунанд.

Эрдуғон гуфт, ки мудохилаи Русия монеи ҳалли сиёсии даргирии Сурия шудаанд. Вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки амалкарди Москва ва президенти Сурия Башор Асадро маҳкум кунад.

XS
SM
MD
LG