Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ озодии маҳбусони сиёсии Тоҷикистонро хостанд


Ду созмони байналмилалии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch (HRW) ва Norwegian Helsinki Committee (NHC) аз Тоҷикистон талаб доранд, ки ҳамаи маҳбусони сиёсӣ озод карда шаванд.

Дар гузориши 12-саҳифагӣ, ки 17 феврал дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифт, ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз мақомоти тоҷик хостаанд, ки ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва “Гурӯҳи 24” иҷозат диҳанд. Фаъолияти ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” дар қаламрави Тоҷикистон бо ҳукми Додгоҳи олии кишвар манъ шудааст.

HRW ва NHC бар инанд, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баъд аз “ғайриқонунӣ” эълон шудани фаъолияти ягона ҳизби исломии Осиёи Марказӣ бадтар шудааст. Муаллифони гузориш бо истинод ба сӯҳбатҳои худ бо 30 фаъоли мухолифи сиёсии тоҷик дар Туркия ва Молдова навиштаанд, ки аз тарафи мақомоти тоҷик боздоштҳо ва шиканҷаи мухолифон сурат мегирад.

Чунин сарнавишт метавонад 10 мухолиферо низ интизор бошад, ки бо дархости Душанбе дар хориҷ аз Тоҷикистон боздошт шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон аз мақомоти Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Туркия ва Русия истирдоди мухолифони боздоштшударо талаб мекунад.

Тибқи ин гузориш, солҳои ахир қариб 20 мухолифи мақомоти тоҷик бо баҳонаҳои гуногун ба мӯҳлати аз 3 то 29 сол зиндонӣ шудаанд. Тақрибан 200 узв ва фаъоли ҲНИТ боздошт ё дар ҳабси хонагянд. Ба навиштаи муаллифони гузориш, ҳафт нафари боздоштшуда аз шиканҷа шикоят кардаанд.

XS
SM
MD
LG