Ссылки доступа

Дар Тошканд салафиҳоро суд мекунанд


Дар додгоҳи шаҳрии Тошканд 4 шаҳрванди Ӯзбекистонро бо ҷурми салафигароӣ муҳокима мекунанд.

Тибқи хулосаи додситонӣ, ин афрод дар гароиш ба созмони динии ғайриқонунӣ ва паҳнсозии маводи мамнӯи динӣ айбдор мешаванд.

Ин ҷавонон ба ҷараёни динии ғайриқонунии "Салафия" аъзо шуда, ақидаҳои созмони мазкурро таблиғ кардаанд. Онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, қаҳвахонаҳо ва дигар муассисаҳо ақидаҳои худро ба мардум таблиғ мекардаанд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар рафти тафтиши парванда ва муҳокимаи додгоҳӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои айбдоршавандагон поймол гардидааст. Ба вижа ҳангоми боздошт, 20 июли соли гузашта, айбдоршавандаҳо ба вакили дифоъ дастрасӣ надоштаанд.

Дар сурати исботи айбҳояшон, ин ҷавононро аз 10 то 15 сол зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG