Ссылки доступа

VimpelCom омодааст порадиҳӣ ба Гулнораро эътироф кунад


Ширкати байналмилалии мухобиротии VimpelCom (ТМ Beeline) мегӯяд, омадааст дар ивази қатъи таҳқиқи фаъолиятҳояш дар Ӯзбекистон ҷарима пардохт кунад.

Дар ҳисоботи молии ин ширкати марказаш дар Ҳолланд, ки дар ҷазираҳои Бермуд сабти ном шудааст, гуфта мешавад, ки VimpelCom ҳамроҳ бо Комисияи қоғазҳои қиматбаҳо ва биржаҳо, вазорати адлияи Амрико ва додситонии кулли Ҳолланд ба чунин мувофиқа расидаанд.

Мақомоти тафтишотии Амрикову Ҳолланд дар пайи рӯ задани гумонҳо дар бораи ба маблағи бузург пора додани раҳбарони ширкат ба духтари президенти Ӯзбекистон Гулнора Каримова ба таҳқиқи фаъолиятҳои VimpelCom пардохтанд.

Дар ҳисоботи молии VimpelCom барои соли 2015, ки рӯзи 17 феврал нашр шуд, "дар бораи тиҷорати он дар Ӯзбекистон ва таҳқиқи муомилаҳои қаблиаш бо ширкати “Takilant Ltd” сӯҳбат мешавад". Расман ширкати "Takilant Ltd" марбут ба Гаянэ Авакян аст. Авакян аз дугонаҳои наздик ва ҳатто “дасти рост”-и Гулнора Каримова унвон мешавад.

“Тибқи шартҳои тавофуқи муқаддамотӣ, ки ҳамроҳ бо Комисияи қоғазҳои қиматбаҳо ва биржаҳои Амрико, вазорати адлияи Амрико ва додситонии кулли Ҳолланд ба даст омадааст, ширкат ва бархе шӯъбаҳояш мавридҳои поймол шудани Қонуни Амрико дар бораи фаъолиятҳои фасодомез дар хориҷа ва қонунҳои марбутаи Ҳолландро эътироф мекунад ва омода аст ба ниҳодҳои зиддифасоди Амрикову Ҳолланд ҷарима пардохт кунад. Ҳаҷми пардохтҳои эҳтимолӣ аз маблағе, ки қаблан барои пӯшондани ӯҳдадориҳои пулии эҳтимолӣ дар робита ба таҳқиқи парвандаҳои фасод ҷудо шуда буд, бештар нест”, - омадааст дар ҳисоботи ширкат.

Дар моҳи ноябри соли гузашта VimpelCom гуфта буд, ки барои ҷаримаҳои эҳтимолӣ дар робита ба парвандаи фаъолиятҳояш дар Ӯзбекистон 900 миллион доллар ҷудо кардааст.

Ҷанҷоли фасод дар атрофи чӣ гуна ба бозори мухобироти Ӯзбекистон роҳ ёфтани VimpelCom, ширкати русии МТС ва ширкати финниву шведии TeliaSonera аз соли 2012 ба ин сӯ идома дорад. Мақомоти тафтишотии Амрикову Аврупо барои он ба таҳқиқи фаъолиятҳои ин ду ширкат шурӯъ карданд, ки раҳбарони онҳоро ба пардохти дар маҷмӯъ 1 миллиард доллар пора ба Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов гумонбар карданд.

XS
SM
MD
LG