Ссылки доступа

Дар Қазоқистон панҷ узви “Ҷамоати Таблиғ” зиндонӣ шуданд


​​Дар Қазоқистон тибқи як парвандаи ҷиноятӣ панҷ нафар дар иртибот ба фаъолияти созмони ифротгарои "Ҷамоати Таблиғ" айбдор шуданд.

Судяи додгоҳи ноҳиявии Сариариқи Остона Умсин Мухангалиева ҳукм кард, ки Ҳалимбахи Ҳалими 32 сола дар ин ҷиноят айбдор ва ба дувуним соли зиндон маҳкум шавад.

Айбдорони дигари ин парванда Болатбек Кожагединов (39 сола), Кубайдолла Тюлюбоев (54 сола), Ерболат Омарбеков (45 сола) ва Нуржан Нурадилов (36 сола) ҳар кадоме ба ду соли зиндон маҳкум шуданд.

Маҳкумшудаҳо бояд ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ адо кунанд.

Созмони “Ҷамоати Таблиғ” дар Қазоқистон мамнӯъ аст. Дар моҳи феврали соли 2013 додгоҳи Остона фаъолияти ин созмонро ифротӣ эълон кард. Даҳҳо намояндаи ин гурӯҳ дар зиндонҳо адои ҷазо мекунанд. Мақомоти Қазоқистон ба ин назаранд, ки ҳадафи асосии созмони соли 1926 дар Ҳинд ташкилшудаи “Ҷамоати Таблиғ” таъсиси хилофат дар яке аз кишварҳое ба монанди Қазоқистон мебошад.

XS
SM
MD
LG