Ссылки доступа

ИМА ба Русия ҷойгоҳи низомиёнашро дар Сурия хабар дод


Пентагон аз Русия хост, минтақаҳои шимоли Сурияро бомбаборон накунад.

Дар ин минтақа низомиёни махсуси амрикоӣ сарбозони маҳаллиеро, ки бо гурӯҳи ДИ меҷанганд, омӯзиш медиҳанд.

То ҳол ин хоҳиш иҷро мешавад, менависад хабаргузории France Presse ба нал аз фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Амрико дар Ховари Миёна генерал-лейтенант Чарлз Браун.

Хабари ифшо шудани ҷойи будубоши низомиёни амрикоӣ ба Русия бо иддаои расмии Пентагон, ки ин ду кишвар дар Сурия ҳамкории низомӣ намекунанд, мухолифат дорад.

Соли гузашта Пентагон эълон кард, ки 50 омӯзгори ҳарбияшро ба Сурия мефиристад, аммо ҷойи дақиқи будубоши онҳоро барои таъмини амният махфӣ медорад. Ҳоло бино бар хабарҳо, танҳо минтақаи умумии онҳо ба Русия ошкор карда шудааст.

Намояндаҳои низомии ИМА ва Русия дар чанд машварат роҳҳои пешгирӣ аз бархӯрди мусаллаҳонаи ин ду тараф дар Сурия ва шеваи амал дар чуни ҳолатро баррасӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG