Ссылки доступа

Туркия ҷангиёни курдро масъули ҳамлаи террористӣ донист


Ниҳодҳои амниятии Туркия нӯҳ нафарро дар робита ба амали террористии Анқара боздошт карданд.

Манбаъҳои туркӣ мегӯянд, иҷрокунандаи мустақими амали террористӣ шаҳрванди 24-солаи Сурия будааст. Аммо курдҳои суриягӣ даст доштани худ ба ин таркишро рад мекунанд.

Нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу курдҳои суриягӣ аз “Гурӯҳҳои худмудофиаи халқӣ” (YPG) ва “Ҳизби коргари Курдистон”-ро дар ташкили амали террористӣ дар Анқара айбдор кард, ки 28 қурбонӣ бар ҷой гузошт. Вай ин суханонро панҷшанбеи 18 феврал гуфт.

Раҳбари ҳукумати Туркия масъулияти ин амали террористиро ба режими президенти Сурия Башор Асад вогузор кард, ки аз курдҳои суриягӣ ҳимоят мекунад.

XS
SM
MD
LG