Ссылки доступа

Хароҷоти ҳарбии Русия 160 миллиард рубл кам мешавад


Вазорати мудофиаи Русия ба сабаби вазъи бӯҳронӣ дар иқтисод мехоҳад, харҷҳои низомиро панҷ дарсад кам кунад.

Бо дарназардошти ин нуқта, ки дар соли 2016 харҷи низомӣ беш аз се триллион рубл (ё 4% маҷмӯи тавлидоти дохилӣ) мебошад, камкунии харҷҳо қариб 160 миллиард рубл мешавад. Дар ин бора рӯзномаи “Ведомости” бо истинод ба манбаъҳояш менависад.

Харҷҳо асосан аз ҳисоби кам кардани фармоиши низомии давлатӣ сурат мегирад. Харҷҳо дар бахши аслиҳаҳои маъмулӣ барои нерӯҳои баҳрӣ ва ҳавоӣ коҳиш ёфта, ин камкунӣ аслиҳаҳои нерӯҳои заминиро камтар фаро мегирад. Ба таъкиди манбаъ, ин коҳиш таъмини низомиён ва хароҷоти амалиёт дар Сурияро фаро нахоҳад гирифт.

Аз оғози бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ин бори аввал нест, ки буҷаи низомӣ коҳиш дода мешавад. Дар соли 2015 ин хароҷот 3,8% кам шуда буд.

XS
SM
MD
LG