Ссылки доступа

Президент таҳқиқи ҳамла ба хабарнигорро зери назар гирифт


Президент Алмосбек Отамбоев таҳқиқи ҳамла ба хабарнигор Турат Акимовро таҳти назароти хеш гирифт.

Ба вазири корҳои дохилӣ Мелис Турганбоев дастур дода шуд, ки барои ҷустуҷӯи авбошон чораҳои фаврӣ гирифта, таҳқиқи ҳамаҷониба ва ба ҷавобгарӣ кашидани айбдоронро таъмин кунад.

Ба сардабири рӯзномаи “Пул ва ҳокимият” Турат Акимов шахсони номаълум шаби 20 феврал дар Бишкек ҳамла карданд. Ба гуфтаи вай, ин ҳодиса замоне рух дод, ки вай мехост мошинашро дар рӯйи ҳавлӣ гузорад.

“Ба сарам бо маводи оҳанӣ заданд. Як ангуштам шикаст. Ин танҳо талоши ҳамла ба ман набуд, онҳо мехостанд маро бикушанд. Ба ин фикр ҳастам, ки ин ба кори ман вобаста аст”, - гуфт хабарнигори осебдида.

XS
SM
MD
LG