Ссылки доступа

Хабарнигор вазири корҳои дохилиро масъули ҳамла ба худ медонад


Сардабири рӯзномаи «Пул ва ҳокимият», сиёсатшинос Турат Акимов гумон дорад, ки дар паси ҳамла ба ӯ эҳтимолан раҳбари ВКД Мелис Турғанбоев истодааст.

Ин гумонро хабарнигор имрӯз дар нишасти хабарӣ дар Бишкек эълон кард.

Турат Акимов ҳеҷ далелеро пешниҳод накард, аммо гуфт, агар бо вай ё наздиконаш ҳодисае рух диҳад, ӯ сабти сӯҳбат бо раҳбари ВКД Мелис Турғанбоев ва бо ёварашро дар Интернет нашр мекунад.

Хабарнигор зимни муроҷиат ба раҳбари дастгоҳи президент Фарид Ниёзов хоҳиш кард, ки атрофи манзилашро назорати видеоӣ карда, ӯро бо ҳимоятгарон таъмин намоянд ва ба ӯ ҳақи доштани силоҳро бидиҳанд.

Ёдовар мешавем, 20 феврал дар Бишкек ба сардабири рӯзномаи «Пул ва ҳокимият» Турат Акимов ҳамла сурат гирифт. Ба гуфтаи худи хабарнигор, ин ҳодиса замоне рух дод, ки вай мехост, мошинашро вориди ҳавлӣ кунад.

«Ба сарам бо маводи оҳанӣ заданд. Ин талоши ҳамла набуд, маро мехостанд бикушанд. Фикр мекунам, ин бо кори ман вобаста аст», - гуфт вай ва афзуд, вақте вай муқобилат нишон дод, ҳамлагар нопадид мешавад.

Президент Алмосбек Отамбоев таҳқиқи ҳамла ба Турат Акимовро таҳти назорати хеш гирифт.

Аз рӯйи ҳодисаи ҳамла парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи «Авбошӣ» боз шуда, таҳқиқи онро бахши милисаи ноҳияи Первомайи шаҳри Бишкек анҷом медиҳад. Худи хабарнигор бар ин назар аст, ки таҳқиқи ин парванда бояд ба КДАМ ирсол карда шавад.

Турат Акимов дар матлабҳояш аз мақомоти феълӣ интиқод мекунад.

XS
SM
MD
LG