Ссылки доступа

Муоинаи маҷбурии гинекологии толибаҳо дар Ӯзбекистон


Дар вилояти Хоразми Ӯзбекистон хонандагони синфҳои 6-9-ро дастаҷамъона ба муоинаи гинекологӣ мебаранд.

Яке аз омӯзгорони мактаби миёнаи №9 дар шаҳри Урганҷ мегӯяд, Раёсати таҳсилоти ҳамагонии вилояти Хоразм дастур додааст, ки хонандагони макотиб аз муоинаи гинекологӣ бигзаранд.

- Ҳоло мо ин хонандагонро ба синфҳо ҷудо кардаем, онҳо бояд ташхиси ултрасадоиро (УЗИ) бигзаранд. Рӯзи ҷумъа духтарони синфҳои 6-ро бурда будем, имрӯз хонандагони синфҳои 7-ро, дар рӯзҳои навбатӣ хонандагони дигарро мебарем, - мегӯяд ин омӯзгор.

Омӯзгорон аз шарҳи ҳадафҳои ин ташхис худдорӣ меварзанд. Аммо модарони хонандагони мактабҳои миёна мегӯянд, духтаронашон ба хотири пешгирӣ аз ҳомилагӣ муоина мешаванд.

Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, муоинаи гинекологӣ дар мактабҳои Хоразм бе иҷозати волидайн ва зери назорати кормандони Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG