Ссылки доступа

Amnesty International: Русия дар Сурия ҷиноятҳои ҷангӣ анҷом медиҳад


Созмони Amnesty International мегӯяд, Русия дар Сурия ҷиноятҳои ҷангии "мудҳиш" анҷом медиҳад.

Бино бар иттилои ин созмон, давоми ҳафтаҳои охир ҳавопаймоҳои низомии Русия болои сокинони осоишта ва наҷотдиҳандагон барқасдона зарба задаанд.

Дар мусоҳибаи телевизиони Sky News роҳбари барномаи буҳронии Amnesty International Тирана Ҳасан гуфт, созмони онҳо далелҳои кофӣ дорад, ки зарбаҳои Русия аз ҷумла ба мактабҳо, беморхонаҳо ва манзилҳои истиқоматӣ зада шудаанд.

Ба гуфтаи Тирана Ҳасан, бомбаборони иншооти шаҳвардӣ - аллакай ҷинояти ҷангӣ аст, "вале мо ба такрор маълумот мегирем, ки зарбаҳои ҳавоӣ ба чунин иншоот зада мешаванд, дар натиҷа кормандони ташкилотҳои ёрирасон ва сокинони осоишта куштаву захмӣ мегарданд."

15 феврал навори видеоии як кӯчаи қисмати шарқии шаҳри Ҳалаб, ки аз бомбарон хароб шудааст, нашр гардид. Дар наворҳо дида мешавад, наҷотдиҳандагон чӣ гуна ҷисми беҷони кӯдаки 5-соларо аз зери деворҳое, ки дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии Русия хароб шудаанд, берун меоранд. Модар, хоҳар ва бародари ин тифл низ кушта шуданд. Ин минтақаи бомбабороншуда зери назорати мухолифини муътадили Артиши озоди Сурия буд.

Ба гуфтаи наҷотдиҳандагон, иншооти шаҳрвандӣ ҳамарӯза зери зарба қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG