Ссылки доступа

Эътирози "ҷавонони фаъол" дар назди намояндагиҳои дипломатӣ (видео)


Дар назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва сафорати Туркия дар шаҳри Душанбе даҳҳо ҷавон гирдиҳам омада, бозгардонидани раҳбарони мухолифин ба Тоҷикистонро талаб карданд.

Нахуст ин эътироз дар назди бинои намояндагии ИА оғоз шуда, сипас ба назди сафорати Туркия дар пойтахти Тоҷикистон кӯч баст. Гирдиҳамомадагон аз мақомоти Туркия талаб карданд, ки ба мухолифони тоҷик паноҳгоҳ надиҳанду онҳоро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Баъзе аз эътирозгарон мошинҳои раҳгузарро манъ карда, талаб мекарданд, ки онҳо сигнал диҳанд. Аз ин роҳ онҳо мехостанд дипломатҳои ИА-ро барои баромадан ба мулоқот бо эътирозгарон водор кунанд.

Аҳмадхӯҷа Давлатов, раҳбари созмони “Пешоҳангони ҷомеа” гуфт, тибқи иттилое, ки онҳо доранд, 23 феврал гурӯҳи мухолифони ҳукумати феълии Тоҷикистон мехоҳанд дар шаҳри Анқара, пойтахти Туркия намоиши эътирозӣ баргузор кунанд. "Баъд аз мулоқот бо дипломатҳои Иттиҳоди Аврупо, мо дар назди сафорати Туркия дар Душанбе эътироз мекунем", - гуфт вай.

Вале мулоқот бо дипломатҳои аврупоӣ сурат нагирифт ва гирдиҳамомадагон тасмим гирифтанд эътирози худро ба Анқара намоиш диҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҲНИТ ва раҳбари ҳизб Муҳиддин Кабириро, ки феълан дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад, ба “исёни мусаллаҳи муовини вазири мудофиа, генерал Абдуҳалим Назарзода” ҳамдаст медонанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон 29 сентябри соли гузашта ин ҳизбро террористӣ ва ифротгаро дониста, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Аммо ҲНИТ ва аз ҷумла худи Кабирӣ ин айбҳоро рад карда, мегӯянд, исён танҳо баҳонае барои манъ кардани фаъолияти ҳизб буд.

Акции "активной молодежи" Таджикистана у двух посольств в Душанбе
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:24 0:00

XS
SM
MD
LG